Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

                                                                                                                                       ДАЪВАТ БА ОЗМУН

      Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии

шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала  ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.

        Дар робита ба ин, аз 27 октябри соли 2025, №213 фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ «Дар бораи баргузории озмун барои ишғоли мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ», аз ҷумла барои ишғоли мансаби холии мутахассиси Бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба тасвиб расид.

       Матни эълон аз 28 октябри соли 2025 дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ бо нишонаи сомонаи Агентии хизмати давлатӣ www.ahd.tj  дар гушаи «Озмун» ҷой дода шуда, дар  рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр карда мешавад.

       Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» қабул карда мешаванд.  Мумкин аст, ки ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ тавассути почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. пешниҳод карда шаванд.

       Дар озмун довталабоне ҳуқуқи иштирок карданро доранд, ки ба талаботи тахассусии мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2016, №647 тасдиқ карда шудааст, мувофиқат мекунанд.

       Бо мақсади дастрасӣ ба талаботи тахассусии мансаби мазкур (уҳдадориҳои мансабӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолият, дастурамали мансабии мутахассиси Бахши минтақавии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва номгӯйи саволҳои озмун) хоҳишмандон метавонанд дар сомонаи Агентии хизмати давлатӣ  шинос шаванд.

    Суроғаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, индекс: 734003, телефон/факс: (37) 224-02-74, почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра., нишонии сомонаи Агентии хизмати давлатӣ: www.ahd.tj