Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
  1. Сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2513 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар оид ба (коргузории сафарбарӣ) Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1863 сомонӣ.
  3. Мутахассиси пешбар (оиди бақайдгири захираҳои теъдоди мардумӣ)-и Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1863 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбар зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1863 сомонӣ.
  5. Мутахассиси зершуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии шаҳри Хоруғ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1460 сомонӣ.
  6. Сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2388 сомонӣ. 
  1. Мутахассиси пешбар (оиди теъдоди захираҳои мардумӣ ва техникӣ)-и Комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбар (оиди қайди шаҳрвандони синни даъватӣ)-и Комиссариати ҳарбии ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2388 сомонӣ
  3. Мутахассиси Комиссариати ҳарбии ноҳияи Мурғоб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1460 сомонӣ.
  4. Сардори зершуъбаи молия ва хоҷагидории комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2388 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар (оиди теъдоди захираҳои мардумӣ ва техникӣ)-и Комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779 сомонӣ.
  6. Мутахассиси Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1460 сомонӣ.
  7. Сарадори зершуъбаи молия ва хоҷагидории Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ванҷ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 2388 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбар (оиди ба коргузории сафарбарӣ)-и Комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1779 сомонӣ.
  9. Мутахассиси (оид ба қайди бронҳо ва ҳифзи прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётӣ)-и Комиссаритаи ҳарбии ноҳияи Шуғнон – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1460 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори зершуъба:

-таҳсилоти олии касби ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

-таҳсилоти олии касби ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ.

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

-таҳсилоти олии касби ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби мутахассис:

-таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбии ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба номи роҳбари мақомот;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия оид ба вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи шиноснома;

- маълумотнома оид ба надоштани таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

  • - шаҳри Хоруғ, Комиссариати ҳарбии ш.Хоруғ, тел: 2-00-93
  • - ноҳияи Мурғоб, Комиссариати ҳарбии н. Мурғоб, тел: 93-880-97-75
  • - ноҳияи Ванҷ, Комиссариати ҳарбии н.Ванҷ, тел: 83551 21-3-47
  • - ноҳияи Дарвоз, Комиссариати ҳарбии н. Дарвоз, тел: 83552 21-3-08
  • - ноҳияи Шуғнон, Комиссариати ҳарбии н.Шуғнон, тел: 3-05-60
  • - Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии Комиссариати ҳарбии ВМКБ муроҷиат намоед.
  • - Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
  • - Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.