Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 
Санаи 26 апрели соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси сайёри такмили ихтисос барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯйи барномаи «Худидоракунии маҳаллӣ дар шароити муосир» ҷамъбаст гардид.
Курси мазкур, ки 21 апрел оғоз гардида, давоми 46 соат идома ёфт ва ҳадафи он баланд бардоштани дониш, малака ва ҷаҳонбинии касбии роҳбарони ҷамоатҳо ҷиҳати татбиқи самараноки худидоракунии маҳаллӣ ва беҳсозии хизматрасонӣ ба аҳолӣ мебошад.
Иштирокчиёни курс дар рафти машғулиятҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии худидоракунии маҳаллӣ, идоракунии молияи маҳаллӣ, таҳияи стратегияҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал, кор бо аҳолӣ, масъалаҳои замин, муоширати муассир, одоби хизматчии давлатӣ ва дигар мавзӯъҳои марбут ба идоракунии маҳаллӣ дониш ва таҷрибаҳои амалӣ андӯхтанд.
Дар анҷоми курс мизи мудаввар доир гардида, ба ҳамаи иштирокчиён гувоҳномаҳои хатми таҳсил супорида шуд.