Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

Конститутсия-кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии кишвар

      Сиву як сол муқаддам, яъне 6 ноябри соли 1994 дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, шиносномаи кишвар ва бахтномаи халқамон қабул гардид. Мо ин рўзи таърихиро ҳар сол бо ифтихор таҷлил менамоем.
       Матни Конститутсияи Тоҷикистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар пояи андешаҳои созанда, арзишҳо ва суннату анъанаҳои бебаҳои миллӣ ва дар як вақт бо дарназардошти тафаккур ва таҷрибаи пешқадами ҷомеаи мутамаддини башарӣ таҳия гардидааст.
      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2024 иброз доштанд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ҳамчун санади ифодагари истиқлолу озодии халқи мо дар таъсиси давлатдории навини тоҷикон ва пойдориву бардавомии он нақши ҳалкунанда дорад.
     Бузургӣ ва аҳамияти ин санади таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шуд.
     Барои қабул намудани Конститутсия нақши Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят бориз мебошад. Дар ҳошияи ин Иҷлосияи таърихӣ масъалаи таҳия, муҳокима ва қабули санади асосии кишвар аз нав ба миён гузошта шуд. Дар ин Иҷлосия қарор дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ққарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкили комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки дар асоси он Комиссия нави конститутсионӣ таҳти роҳбарии Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуда, ба ҳайати он олимон, кормандон ва коршиносон шомил буданд. Гурўҳи кории таъсисдодашуда дар давоми 6 моҳи фаъолияташ ду лоиҳаи конститутсияро омода кард, ки яке шакли идораи парламентиро инъикос менамуду дигаре шакли идораи президентиро. Баъд аз муҳокима комиссияи конститутсионӣ лоиҷаи конститутсияеро, ки шакли идоракунии президентиро таҷассум менамуд, интихоб ва барои муҳокимаи умумихалӣ дар матбуот нашр намуд.
    Имрўз бо қаноатмандӣ метавонем гўем, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ месозад.
    Илова бар ин Конститутсия, аз як тараф, барои рушди давлати демократӣ ва таъсиси низоми самарабахши ҳокимияти давлатӣ заминаи ҳуқуқӣ гузошта бошад, аз ҷониби дигар, барои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар саросари мамлакат шароити мусоид фароҳам овард.
    Тибқи Конститутсия Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муносибатҳои хориҷӣ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо соири давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ ва эҳтироми тарафайн эълон кард.
    Дар сиёсати созандаи Сарвари давлат такмили низоми идоракунии давлатӣ яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин давраи кўтоҳи таърихӣ бо андешидани тадбирҳои пай дар пай Тоҷикистон якчанд марҳилаи ислоҳоти идоракунии давлатиро тай намуда, дар эъмори давлатдории муосир ва ташаккули соҳаи хизмати давлатии касбӣ қадамҳои устувор гузошт.
    Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ташаккул ва таҳкими идоракунии давлатии муосир ва хизмати давлатии касбӣ дониста мешавад.
Дохил гардидан ба хизмати давлатӣ яке аз ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, ин меъёр дар қисми дуюми моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Точикистон (шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд) ифода ёфтааст.
   Аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз 13 ноябри соли 1998 қабул гардида, барои бунёди хизмати давлатии муосири Тоҷикистон пойдевори устувор гузошт. Дар баробари таҳким бахшидани аркони давлатдорӣ, рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ташаккули хизмати давлатии муосир ва тайёр кардани кадрҳои миллии ба талаботи замони муосир тадбирҳои мушаххас андешида шуданд, ки таъсиси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ, қабули силсилаи барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои омода намудани мутахассисон ва рушду нумуи хизмати давлатӣ аз зумраи онҳост.
  Дар самти ташкил, такмил ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар давоми 25 соли ташаккулёбӣ ва рушди соҳа мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ, расонидани кўмаки методӣ ба мақомоти давлатӣ, назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ ва баррасии муроҷиатҳои хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон мусоидат намудааст.
   Дар маҷмўъ, бо мақсади танзими масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ зиёда аз 200 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва барномавӣ таҳия ва қабул карда шуданд.
Тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистон бевосита ё бавосита ба қабули Конститутсия алоқаманд мебошанд. Зеро таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди бомароми иқтисодиёт, дигаргуниҳои бунёдӣ дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ, рушди илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва соҳаву бахшҳои дигар аз муқаррароту кафолатҳои конститутсионӣ сарчашма мегиранд.
  Ҳадафи асосиву ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад. Ин нуқтаҳо дар Конститутсия хеле возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Ҳамзамон, ин амр баёнгари моҳияту мазмуни демократии Конститутсия ва мавҷудияти низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мебошад.
   Баъди ба даст овардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил низоми ҳуқуқии ба шароит ҷавобгў надошт. Консепсияи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия эълон шудааст ва тағйирнопазирии онҳо муқаррар гардидааст, барои ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҳамчун заминаи аз ҳама мувофиқи давраи гузариш ва рушд ба ҳисоб мерафт.
   Ин консепсия барои бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷараёни фароњам овардани фазои мусоид барои рушди давлат ва инсон ба сифати андешаи миллӣ хизмат кардааст.
Дар Конститутсияи мо беҳуда таъкид нашудааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў муқаддас ва арзиши олӣ мебошанд, онҳо мақсад ва мазмуни татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муайян мекунанд ва тавассути ҳокимияти судӣ ҳамчун яке аз шохаҳои сегона ва мустаъқили ҳокимият таъмин карда мешаванд.
    Ин арзиши олӣ меъёри муайянкунандаи фаъолияти давлат ва тамоми сохторҳои он, инчунин ҳамаи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, барои татбиқи ҳадафи асосии ҷомеа, яъне эҳтирому ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муҳайё намудани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодона равона шудааст.
    Дар баробари ин, ҳар як сокини мамлакат ҳамеша бояд дар хотир дошта бошад, ки риояи ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи ҷониву виҷдонӣ ва амали ҳаррўза мебошад.
Имрўз аз ҳар як фарди худогоҳу худшинос, ватандўсту ватанпараст, хусусан аз ҳар хизматчии давлатӣ талаб карда мешавад, ки ба манфиати Ватан, давлат ва халқи худ софдилонаву содиқона кору зиндагӣ кунад, тамоми кўшишу ғайрати худро барои пешрафти давлати соҳибистиқлол, таҳкими минбаъдаи мавқеъ ва эътибори Ватани азизамон дар арсаи байналмилалӣ равона созад. Хушбахтона, аҳли хизматчиёни давлатӣ низ аз ин вазифањои созанда дар канор набуда, мувофиқ ба талаботи давр фаъолият доранд.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими сиёсӣ ва ҳууққию иҷтимоӣ буда, ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ моро ба сўйи дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ раҳнамун месозад. Аз ин рў, дар заминаи меъёрҳои Конститутсия зиндагӣ ва фаъолият карданро рисолати худ дониста, дар партави нишондодҳои он амал намоем ва барои пойдорӣ ва рушди давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузорем.
   Бо ҳамин ниятҳои нек тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва дар симои онҳо тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки номаи сарнавишти давлату давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик гуфта, дар партави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо хотирҷамъӣ, хушбахтиву саодат ва рўзгори ободу осуда ба Тоҷикистони азизамон суботи шукуфоиро орзу менамоям.
Фирдавс Латипов-сардори шуъбаи
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар вилояти Суғд

Рейтинг:  3 / 5

Звезда активнаЗвезда активнаЗвезда активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна

 ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Интихобот ифодаи рушди демократия мебошад

 ФАРҲАНГИ ИНТИХОБОТӢ. Тавассути он интихоби бошуурона, озод, бевосита ва пинҳонӣ таъмин мешавад

 Маърўзаи директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷ.М. дар конференсияи илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Ҳуқуқ ба хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ифтихори Рўзи ҳуқуқи инсон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

РАВАНДИ ТАҲИЯ ВА ҚАБУЛИ АВВАЛИН ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»

Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шўрои Олӣ ва оғози  Мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Коррупсия - зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши назаррас дорад

КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ.Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд

 Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст

  МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗӢ

 Мусоҳиба бо хабарнигори телевизиони СММ

 2022 - Соли эътирофи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон

 ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БАҲРИ РУШДИ УСТУВОРИ ИНСОНИЯТ

 ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат)

  Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?

  Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат дар робита ба оби тоза ва ҳифзи пиряхҳо наҷоти оламиён аст

 Эмомалӣ Насриддинзода: «Дар Паём таҳия ва қабулу татбиқи якчанд ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз қабили 1 консепсия, 1 стратегия ва беш аз 5 барномаи давлатӣ пешбинӣ гардид»

  Эмомали Раҳмон асосгузори таҳсили хизматчиёни давлатӣ.

  Меритократия в деле совершенствования государственной службы