Дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат шунавандагони курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» маърузаҳои худро бо забонҳои хориҷӣ муаррифӣ ва ҳимоя карданд
Дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлатӣ ба шунавандагони курси омӯзишӣ аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ», ки аз 3 март то 2 июни соли 2023 идома ёфт, давоми се моҳ забонҳои русию англисӣ, технологияҳои информатсионӣ, асосҳои коргузорӣ дар идораи давлатӣ ва фарҳанги суханварӣ омӯзонида шуда, дар ҷамъбасти курс суҳбат-санҷиш баргузор гардид.
Бо мақсади муайян намудани сатҳи донишҳои омӯхтаи шунавандагон дар ҷамъбасти машғулиятҳо аз фанни асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ тест гирифта шуд.
Ҳамзамон бо мақсади санҷиши сатҳи дониши забонҳои русию англисӣ ва малакаи суханварии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки омӯзгорон ва коршиносон, аз ҷумла Қосимзода Г.Ҷ.-муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аюбӣ Б.О.-директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академия, Раҳмонова Н.-доктори илмҳои филологӣ, профессор, Сафарова Р.-номзади илмҳои филологӣ маърузаҳои шунавандагони курс дар мавзуъҳои «Тоҷикистон-кишвари зебои ман», «Душанбе-пойтахти Тоҷикистон» ва «Касби ман-ифтихори ман» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ шунида шуда, баҳогузорӣ гардиданд.
Шунавандагони курс дар санҷиш фаъолона иштирок намуда, маърузаҳои худро ба забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ дар сатҳи баланд муаррифӣ ва ҳимоя карданд.
Ба шунавандагони курс баъди муаррифии маърузаҳо китоби «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатӣ» дастрас карда шуд.
Маълумот ва аксҳо аз саҳифаи
иҷтимоии Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон