Рейтинг:  0 / 5

Звезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активнаЗвезда не активна
 

Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491 санаи 30 январи соли 2024 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар нишаст директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Меҳри О., муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ., Аҳмадзода Д.Д., директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии хизматчиёни давлатӣ Исматуллозода Ф., инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар қисми аввали нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатӣ ба хабарнигорон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 гузориш дод. Бо назардошти қаблан дастрас гардидани фишурдаи гузориш оид ба фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 бештари вақти ҷудошудаи нишасти матбуотӣ ба саволу ҷавобҳо равона гардид.

Дар ҷараёни нишаст намояндагони воситаҳои ахбори омма ба масъалаҳои татбиқи технология кадрӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тартиби қабул ва озод намудани хизматчиёни давлатӣ, интихоботи кадрҳои забондон ба мақомоти давлатӣ ба ҷойивазкунӣ (ротатсия) фаро гирифтани хизматчиёни давлатӣ, сабабҳои зиёд будани ҷойҳои холӣ дар хизмати давлатӣ, нашри эъломияҳои хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ, масъалаҳои озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», фаъолияти сомонаҳои мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба саволҳои хабарнигорон дар робита ба масоили зикргардида посухҳои мушаххас дода шуд.

  

  Агентии хизмати давлатии нази

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон