ҲАМАИ ХАБАРҲО
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфронсохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии ноҳияи Синои пойтахт бо корҳои сохтмонӣ дар Чойхонаи миллӣ шинос шуданд.
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷараёни марҳилаи дуюми корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи роҳи мазкур ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингард аз дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут соли 2024 оғоз гардида буд.
Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.
Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
Ҳамоиши имрӯза барои табодули афкор вобаста ба ин мавзӯи ҳаётан муҳим, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои об арсаи муколамаи судмандро фароҳам меоварад.
Иштирокдорони гиромӣ,
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, Раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэро ба ҳузур пазируфтанд.
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) Салим ал-Моликро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори иҷроияи Бунёди иқлими сабз Мафалда Дуартеро, ки барои иштирок дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфтанд.
30 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар нахустин Саммити сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ – Италия” ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Аз 21 то 23 майи соли 2025 дар ноҳияи Шаҳритус курси сайёри таљрибаомўзї барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳритус, Вахш, Рӯдакӣ ва Шаҳринав доир гардид. Дар доираи курси мазкур ба иштирокчиён дар мавзуи «Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат» (бо ҳаҷми 24 соат) таълими иловагӣ дода шуд.
Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.
Санаи 23 апрели соли 2025 вохӯрии директори Агентӣ Идрисзода Илёс Мумин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин ва ҳайати ҳамроҳ, бо иштироки масъулони Агентӣ ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи Агентӣ бо мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути барномаҳои таълимӣ ба воситаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2012 инҷониб дар самти таҳсил, аз ҷумла такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар зинаҳои магистратура ва докторантура амалӣ карда мешавад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
Имрӯз Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одрӣ Азуле ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, гуфта мешавад:
«Ҷаноби Олӣ,
Бо камоли мамнуният Шумо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати қабул гардидани қатънома дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи 14 декабри соли 2022 оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва сароғоз аз соли 2025 тасдиқ гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо табрик мегӯям.
ЮНЕСКО аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар пешбарии ин қатънома истиқбол менамояд. Мо итминони комил дорем, ки қатъномаи мазкур ҷиҳати баррасии аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи даври гидрологӣ ва таъкиди бештари мушкилиҳои ногузир дар соҳаи муҳити зист, тандурустии инсонҳо ва амнияти захираҳои об, ки аз обшавии босуръат ва коҳиши пиряхҳо зуҳур мекунанд, мусоидат хоҳад кард. Ин заруратест, ки нахуст зимни Даҳсолаи байналмилалии гидрологии ЮНЕСКО, солҳои 1965-1974 муайян шуда буд.
Илова ба ин, ташаббуси мазкури Шумо барои созмони мо имконияти роҳандозии ҳамкории муассирро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани заминаи пажӯҳишии қатънома ва ҷалби таваҷҷуҳи бештар ба мавзуъҳои мазкур тариқи якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла зимни ду конфронсҳои гузаштаи тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP) дар шаҳрҳои Глазго ва Шарм-уш-Шайх, ҳамчунин дар рафти «ҳафтаи сатҳи баланд»-и иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2022 фароҳам овард.
ЮНЕСКО минбаъд бо камоли майл якҷо бо дигар ниҳодҳои марбутаи СММ дар таҷлили Соли ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Тоҷикистон эълом гардидааст, иштирок хоҳад кард. Тавассути Барномаи байниҳукуматии гидрологии худ мо аллакай бо якчанд лоиҳаҳо оид ба арзёбии таъсири барф ва пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ иқдом кардем. Ин талошҳое мебошанд, ки ҳамкориҳои минтақавиро тақвият мебахшанд, табодули дониш ва муколамаро густариш медиҳанд ва ҳамкориҳоро байни олимону муассисаҳои маҳаллӣ тақвият медиҳанд. Мо умедворем, ки бо Шумо барои боз ҳам таҳким бахшидани ин ташаббусҳои муҳим ҳамкорӣ намоем.
Бо изҳори умед аз сафар ба кишвари Шумо, мехоҳам барои ҳамкориҳои мутадовим ва пурсамарамон миннатдории самимӣ баён намоям.
Лутфан ғояти эҳтироми маро, Ҷаноби Олӣ, қабул фармоед».
Сарчашма: president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх