Санаи 28 майи соли 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» ба анҷом расид.
Курси мазкур бо ташаббуси Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш, малака ва салоҳияти касбии роҳбарони аввали мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти курс ба шунавандагон дар доираи мавзуъҳои муҳими марбут ба идоракунии муосир, роҳбарӣ, сиёсати кадрӣ, таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мубрам аз ҷониби устодон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳо таълим дода шуда, дар ҷамъбасти курси мазкур ба шунавандагон «Гувоҳнома» супурда шуд.
Аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ давоми соли ҷорӣ чунин курсҳои таълимӣ барои роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ ба нақша гирифта шудааст.