User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 
  1. Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Левакант – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 3814,25 сомонӣ.
  2. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Левакант – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ.
  3. Сармутахассис -Котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кудаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, 1902,40 сомонӣ.
  4. Мутахассиси пешбари бахши маориф-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.

 

ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ

МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ:

  1. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, 1728,40 сомонӣ.
  2. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз кишоварз)-и Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, 1728,40 сомонӣ.
  3. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  4. Сармутахассис оид ба соҳаи омори Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  5. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  6. Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи сохтмонӣ Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  7. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  8. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  9. Сармутахассис-заминсози Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  10. Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1728,40 сомонӣ.
  11. Мутахассиси пешбар Нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.
  12. Мутахассиси пешбар кишоварзии Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1415,20 сомонӣ.

 

Талаботи тахассусӣ

      Барои ишғоли мансаби  роҳбари дастгоҳ:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби роҳбари дастгоҳро ба танзим медароранд.

- 3 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи дуюм ё 6 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва на кам аз 7 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- кор карда тавонистан бо компютер.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Барои ишғоли мансаби сардори шуъба:

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сардори шуъбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донишҳои касбӣ, қобилияти малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, ташкилотчигӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

  • Барои ишғоли мансаби сармутахассис:

- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ,  забонҳои хориҷӣ;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби сармутахассисро ба танзим медароранд;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Талаботи тахассусӣ

Бароии ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:

– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самароноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон ки иҷрои уҳдадориҳои мансаби мутахассиси пешбаро ба танзим медароранд.

-донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, забонҳои хориҷӣ;

-одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрвандон ва ҳамкорон;

-донистани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-малакаи хуби муошират, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер ва дигар технологияҳои иттилоотӣ;

 

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомот бо шакли замимаи 1 Низомнома;

- варақаи (анкетаи) баҳисобгирии кадрҳо;

- тарҷумаи ҳол;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- 2 дона акси андозаи 4х6 ;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнати надоранд;

- нусхаи шиноснома;

-эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ ва дар бораи супоридани эъломия;

- маълумот оид ба андоз аз даромад;

- нусхаи  гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли  038 УЕ муқарраргардида;

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН)

- маълумотнома (справка-объективка).

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

 

Довталаб метавонанд дигар ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод намояд (банди 28 Низомнома)

 

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

   Шаҳри Левакант, кўчаи Н.Хусрав-23,

Телефон барои тамос:  8(3250) 6-15-73

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ вобаста ба талаботи тахассуси ба хадамоти кадрии мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии шаҳри Левакант муроҷиат намоед.

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.

   Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқараргардида пардохт карда мешавад.