User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар толори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» санаи 6 сентябри соли равон чорабинии бошукуҳи ҷашнӣ ва вохӯрӣ бо ҷавонони соҳаи хизмати давлатӣ таҳти унвони «Нақши хизматчиёни давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ: дастовард ва дурнамо»  баргузор карда шуд.

         Дар чорабинӣ Меҳрӣ Олимшо – мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо, Гавҳар Шарофзода- вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлат Сафар- муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулло Раҳмонзода – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асрор Латифзода – муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони Агентии хизматии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони  вазорату идораҳо ва хизматчиёни давлатӣ-шунавандагони магистратураи яксолаи Академияи идоракунии давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ва магистратураи «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», ки њамаи шањру навоњии кишварро намояндагӣ мекунанд, иштирок намуданд.

         Дар ифтитоҳи чорабинии мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ- Давлатов Ҷ. иштирокчиёнро бо ҷашни мубораки 31-солагии Истиқлоли давлатӣ муборакбод намуд.

         Бо суханони табрикотӣ Меҳрӣ Олимшо – мушовири Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо баромад намуда, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба мукофотонии Шарифзода Аъзамҷон- сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлатӣ бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуда, дар вазъияти тантанавӣ ҳуҷҷати мазкурро супорид.

         Иштирокчиёни чорабинии мазкур, меҳмонон низ бо суханони муборакбодӣ баромад намуда, баён доштанд, ки истиќлолият муќаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорї ва нишонаи пойдориву баќои миллат мебошад.

         Хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи мардуми меҳанпарвару меҳнатдӯсти кишвар, дар ҳалли масъалаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар маҷмуъ дар рушди идоракунии давлатӣ саҳми арзанда доранд. Барои устуворона қадам гузоштан дар шоҳроҳи таърих ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва хатарҳои муосир барои ҳар як давлат пеш аз ҳама кадрҳои ҷуяндаю навовар ва содиқу бунёдгар заруранд.

         Масъалаи тарбияи кадрҳои болаёқату соҳибистеъдод аз ҳисоби ҷавонон низ аз оғози соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун яке аз масъалаҳои калидии давлатсозӣ пайваста дар меҳвари сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод.

         Баъдан аз номи магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирова Оиша бо суханони миннатдорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.

         Дар баробари суханони ифтитоҳӣ –табрикотӣ, маърӯзаҳои илмӣ- назариявӣ, инчунин қадршиносии хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар низоми хизмати давлатӣ аз мақомотҳои давлатӣ, қадрдонӣ бо рутбаҳои тахассусӣ ва мукофотҳои соҳавии Агентии хизмати давлатӣ низ қироат карда шуда, инчунин маросими савгандёдкунии хизматчиёни давлатӣ, ки бори нахуст ба хизмати давлатӣ барои фаъолият шуруъ намудаанд, баргузор гардид. Хизматчиёни давлатӣ бо имзо гузоштан ба манти савганди қироатнамуда, ҳуҷҷати тасдиқкунандаро ба роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.

                                                                                                        Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон