User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Дар асоси фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2022, №6 вобаста ба Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ ҳар ҳафта омӯзишҳои идоравӣ ташкил карда мешавад.

Санаи 11 ноябри соли равон миёни кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамошои дастаҷамъонаи филми мустанади «Тоҷикон дар масири таърих» ташкил гардид.

Тамошои филми мазкур дар ҳошияи таҷлили 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иљрои Амри Президенти Љумњурии Тољикистон аз 7 июли соли 2022, №АП-227 «Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат», ҳамзамон омӯзиши асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дар мақомоти давлатӣ ба роҳ монда шуд.

Ҳадаф аз тамошои дастаҷамъонаи филми мустанад ин омӯзиши саҳифаҳои пурифтихори таърихи миллати тоҷик, ошноӣ бо корнамоиҳои гузаштагон ва идомаи анъанаҳои неки ба ёдгор гузоштаи онҳо мебошад.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки ҳар фарди бедордили миллат, хоса хизматчиёни давлатӣ бояд омӯзиши таърихи халқи азизашро вазифаи муқаддаси худ донад, аз гузаштаи пуршебу фарози он сабақ гирад ва бо корнамоиҳои фарзандони мардуми боҳимматаш шинос шуда, онҳоро дар ҳофизаи таърихиаш ҷой диҳад.

 

                                                                                                                   Агентии хизмати давлатии назди

                                                                                                                   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон