Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи намунавии омӯзишҳои идоравиро барои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои соли 2022 таҳия намуда, барои роҳандозии машғулиятҳои идоравӣ ба мақомотҳои давлатӣ ирсол намуд.
Дар натиҷа дар мақомоти давлатӣ нақшаҳои машғулиятҳои идоравӣ тасдиқ ва дафтари бақайдгирии иштирокчиёни машғулиятҳо тартиб дода шуда, оид ба мавзӯъҳои пешбинишуда бо иштироки роҳбарият, ҳайати кормандон ва ҷалби мутахассисони мақомоти давлатӣ, олимони соҳа аз муассисаҳои илмию таълимӣ ба таври мунтазам тибқи нақша машғулиятҳои идоравӣ гузаронида мешаванд.
Санаи 10 ноябри соли равон бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар асоси нақшаи баргузории машғулиятҳои идоравӣ барои кормандон-хизматчиёни давлатии Вазорат машғулияти идоравӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ аз Агентии хизмати давлатӣ дар мавзӯи «Идоракунии ҳайат дар замони муосир» ташкил гардид.
Ҳадаф аз ташкили чунин машғулиятҳо дар мақомотҳои марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ин баланд бардоштани донишҳои касбӣ ва маҳорату малакаи кории хизматчиёни давлатӣ буда, шунавандагон- хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ мебошанд.
Омӯзиши идоравӣ ҳар моҳ дар ҳаҷми 4-соатӣ, ҳамагӣ 48 соат тариқи машғулиятҳои назариявӣ (лексия, дарс) дар аудитория, амалӣ (суҳбат, семинар, мизи мудаввар, шиносоӣ ва ё омӯзиши таҷрибаи пешқадам), онлайн бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва худомӯзӣ ба роҳ монда мешаванд. Номгӯи мавзӯъҳои омӯзишӣ барои хизматчиёни давлатӣ иборат аз масъалаҳои мубрам буда, барои рушди низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти малакаҳои касбии хизматчиёни давлатӣ пешбинӣ гардидааст.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон