User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 31 октябри соли равон мувофиқи Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ барои кормандони Агентӣ ва муҳассилини магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ бо иштироки омӯзгорони Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти идоравӣ масъалаҳо вобаста ба иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  роҳу усулҳои пешгирии савдои одамон, ҳамчунин моҳият ва ҳадафҳои таъмини иҷрои талаботи қонунгузории мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Нуриддинзода С.Н.- муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ ва Бухориев Б.Р.-дотсенти кафедраи такмили ихтисоси Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Зимни маърузаҳо қайд гардид ки, иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар асоси ихтиёрӣ бо роҳи мусоидат кардан ба мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ташвиқоти донишҳои ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.

Хариду фурӯши одамон дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳисобида шуда, ба амнияти миллии давлатҳо таъсир мерасонад. Дар раванди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳар як узви ҷомеа бояд ҳиссагузор бошад. Дар сурати ҳамкории самарабахши хизматчиёни давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ метавон дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ногувори хариду фурӯши одамон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. 

Дар интиҳои машғулияти идоравӣ иштирокчиён ба саволҳои худ вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.