Дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 Агентии хизмати давлатӣ аз 18 то 23 январи соли 2021 76 нафар масъулони коргузории мақомоти марказии ҳокимияти давлатиро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ» ҷалб намуд.
Дар маросими ифтитохи курси мазкур директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., ректори Академияи идоракунии давлатӣ Ғафурзода А.Д. иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар курси мазкур бо мақсади таҳким бахшидани донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ омӯзиши мавзӯъҳои «Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» «Кодекси одоби хизматии давлатӣ», «Қоидаҳои тахияи дастурамали мансабӣ», «Коррупсия ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ: Манбаъ ва омилҳои он», «Риояи аломатҳои китобат дар ҳуҷҷатнигории мақомоти давлатӣ», «Тартиби кор бо ҳуҷҷатҳои ворида ва содира дар мақомоти давлатӣ», «Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ», «Тарзу усулҳои таҳияи протокол дар мақомоти давлатӣ», «Услубҳои таҳияи ҳисобот ва гузориш дар мақомоти давлатӣ» ва ғайраҳо роҳандозӣ гардид.
Ҳамзамон аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ санаи 21 январи соли равон барои шунавандагон мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо» бо иштироки Усмонов И.М.-мушовири сардори Саридораи бойгони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Расулов Т.С.-директори филиали бойгонии Марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Ҳисор ва Обидов Р.-сарбойгоншиноси филиали бойгонии Марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ташкил карда шуд.
Дар интиҳои курс санаи 22 январи соли равон дар мавзӯи «Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» мизи мудаввар бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О. ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатӣ Ғанизода И.Ғ. баргузор гардид.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон