User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 20 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон бо ташаббуси Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрократия дар асри 21» ифтитоҳ ёфт.

Шабакаи минтақавии соҳаи хизмати давлатии Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон 42 кишвар ва 25 ташкилотҳои байналмилалии аъзоро фаро гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун муассис ва узви комилҳуқуқ бо ин Шабака ҳамкорӣ дошта, хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати он мунтазам барои омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта дар чорабиниҳои мухталифи сатҳи байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Дар семинари омӯзишии мазкур дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Дилноза Аҳмадзода- муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дошта, вобаста ба ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имкониятҳои рушди захираҳои инсонӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрӣ ва муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон дар рушди хизмати давлатӣ маълумот пешниҳод намуд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи баргузории чорабинии мазкур ин муаррифӣ ва шиносоӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти арзёбии эҳтиёҷот дар самти идоракунии захираҳои инсонӣ дар асоси меритрокатия (шоистасолори) дар асри 21, табодули таҷриба ва ҳалли инноватсионии масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ барои коршиносони кишварҳо мебошад.

                                                                                                     Агентии хизмати давлатии назди                                   

                                                                                                      Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон