Либос ва либоспӯшӣ як ҷузъи фарҳанги ҳар як миллат буда, маърифати зебоипарастии инсонро муаррифӣ менамояд.
Либоси миллии тоҷикон низ ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тӯли асрҳо зебоиашро гум накардааст.
Таи солҳои охир як идда бонувони тоҷик дар интихоби либос бештар ба либосҳои синтезшуда рағбат доштанд, ки ба асолати либоспушии тоҷикон бегона аст.
Аз ин рӯ, аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод карда шуд.
Бо мақсади риояи талаботу меъёрҳои либоспӯшии расмӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ санаи 11 апрели соли 2018 барои кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорон, донишҷӯён ва муҳассилини магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ оид ба шарҳу тавзеҳи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовинони директори Агентии хизмати давлатӣ, ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Олимӣ Марҳабо Ғаффор-муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оила зимни маърӯзаи худ қайд намуд, ки тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тамаддуни пурғановати ин миллат дар забону адабиёт, ҷашну маросимҳо, суруду мусиқӣ, ёдгориҳои таърихӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва ҳатто тарзи пӯшидани сарулибос таҷассум ёфтааст.
Имрӯз зан-модари тоҷик дар рушди кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар пешоҳангу парчамбардор мебошад.
Иштироки васеи бонувон дар ҳаёти ҷомеа пайваста дар маркази тавҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар партави ин сиёсати созанда бонувон- хизматчиёни давлатиро мебояд, ки ҷиҳати ҳифзу ҳимоя ва тарғиби фарҳанги миллӣ дар ҷомеа намуна бошанд.
Ҳамзамон мавсуф масъалаҳоро вобаста ба риояи меъёрҳои либоспӯшии расмӣ аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ ва аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла занону духтарон ва роҳ надодан ба тарғиби либоси ба фарҳанги миллии тоҷикон бегона шарҳу тавзеҳ дод.
Дар интиҳои чорабинӣ иштирокчиён вобаста ба интихоби либос, нақши занон-хизматчиёни давлатӣ дар тарғиби либоси миллӣ ва «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳодҳои судманд баён намуданд.