Санаи 26 январи соли 2023 дар асоси Нақшаи омӯзиши идоравии кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ омӯзиши идоравӣ оид ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар
аз 23 декабри соли 2022 Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар толори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ташкил карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Раҷабзода Равшан Муҳитдин- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, Ҳакимзода Шариф- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ ва Мирзозода Мавлудахон- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.
Омӯзиши идоравии мазкурро Дилноза Аҳмадзода-муовини директори Агентии хизмати давлатӣ ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паём худ ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иљтимоиву иқтисодии кишвар вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.
Дар Паёми навбатӣ доир ба ҷараёни корҳои созандагию ободонии кишвар, амалигардонии нақшаву стратегияҳо, барномаҳо ва таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баландбардории сатҳи зиндагии мардум ва дар вазъи хеле мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон, дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарин қарор доштани инсоният таъкид гардид. Сарвари давлат дар Паёми хеш аз дастоварду пашрафтҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ёдовар шуда, онро заҳмати шабонарӯзӣ ва талоши ҳар як фарди ба миллат содиқу софдил ҳисобиданд ва бо боварӣ иброз намуданд, ки дар оянда низ миллати тоҷик бо заҳмату талош ва кӯшишҳои пайвастаи худ давлатро аз ин ҳам ободу зеботар мегардонад.
Дар паёми Сарвари давлат дар бораи рушди устувор сухан меравад, ки индикаторҳои он-сифати зиндагӣ; ММД-нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, дараҷаи рушди иқтисодӣ; даромад; сатҳи таваррум, дараҷаи шуғл; дараҷаи татбиқи ҳуқуқи инсон; содирот ва воридот; муътадилии экологӣ; дарозумрии ҳаёти инсонӣ; саломатӣ; ба меъёрҳо ҷавоб додани вазъи муҳити зист; дараҷаи дониш ва таҳсилот, малака; ва ғайра мебошад.
Аз ҳамин хотир, дар Паём раванди рушди иҷтимоӣ - иқтисодии кишвар таҳлил гардида, қайд карда шуд, ки соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Дар идомаи чорабинӣ Раҷабзода Равшан Муҳитдин- раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯи «Шарҳи бахшҳои калидӣ-ҳадафҳои стратегӣ; рушди соҳаҳои иҷтимоӣ; сиёсати дохилии кишвар; масъалаҳои ҳуқуқӣ ва амниятӣ; сиёсати хориҷӣ», Ҳакимзода Шариф- муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ дар мавзӯи «Вазифаҳои хизмати давлатӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар» ва Толибов Раҷабмурод-корманди Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ислоҳоти идоракунии давлатӣ» суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, таъкид гардид, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар паёми навбатӣ ба мисли паёмӣои қаблӣ даҳҳо дастуру вазифаҳои муҳим барои рушди бунёдӣ бо мақсади тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва таъмини зиндагии арзандаи сокинон ба миён гузошта шуданд.
Татбиқи нишондодҳои паёми навбатӣ вазифаи ҳар як сокини кишвар, махсусан хизматчиёни давлатӣ мебошад.
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон