User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқати Академияи идоракунии давлати назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии семоҳаи омӯзишӣ аз руи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ» барои бонувони болаёқати мақомоти давлатӣ ҷамъбаст гардид.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 бори дигар таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда, барои онҳо шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат содиқона хизмат карда истодаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда шудаанд ва ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар робита ба омода намудани кадрҳои баландихтисос аз ҳисоби бонувон дар Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курси навбатии такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Ташаккули малакаи забондонӣ ва коргузории хизматчиёни давлатӣ», ки аз 13 октябри соли 2023 то 5 январи соли 2024 (дар ҳаҷми 96 соат) ташкил карда шуда буд, ҷамъбаст гардид.

Дар маросими ҷамъбасти курс муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода, директори Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат Аюбӣ Бибиосия иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ба шунавандагон Сертификати хатми курси такмили ихтисос супорида шуд.

 

 Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон