User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Аз санаи 15 январ то санаи 3 феврали соли ҷорӣ дар асоси Нақша- ҷадвали баргузории курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ барои хизматчиёни давлатӣ дар соли 2024, ки аз ҷониби Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунии хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, ташкил карда мешавад.

Тибқи нақшаи болозикр 100 нафар хизматчиёни давлатӣ ҳамчун шунаванда дар курси мазкур фаро гирифта шуда, тибқи барномаи таълимӣ мавзуҳои мубрам аз ҷумла вобаста ба омӯзиши ҷанбаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи ташаккулёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи технологияи кадрӣ дар хизмати давлатӣ, риояи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», ҳифзи ҳуқуқии арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавонон пайравони Пешвои миллат, шарҳи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», идеологияи миллӣ ҳамчун омили худшиносиии миллӣ, нақши мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамгироии ҳадафҳои рушди устувор дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии тоҷикистон, нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайраҳо машғулиятҳои таълимӣ аз ҷониби омузгорони соҳибтаҷриба ва мутахассисони соҳа гузаронида мешавад.

Инчунин дар қисми ҷамъбасти курси мазкур мизи мудавар ва дар вазъияти тантанавӣ супоридани шаҳодатномаҳои хатм ба шунавандагони курси мазкур ба нақша гирифта шудааст.

  

Агентии хизмати давлатии назди

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон