User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 26 январи соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба амалисозии қисмҳои дахлдори «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482 тасдиқ карда шудааст, барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.

Комрон Каримов-мутахассии пешбари Раёсати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисоди сабз ва экологияи Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳайси лектор даъват карда шуда, мавсуф вобаста ба сабабҳои қабули санади стратегии мазкур ва роҳҳои татбиқи он маълумот пешниҳод намуд.

Қайд гардид, ки «Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037» бо мақсади рушди «иқтисоди сабз», мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҷалби сармояю технологияҳои каммасраф қабул гардида, дар 15 соли минбаъда мавриди татбиқ қарор мегирад.   

Дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» қадамҳои устувор гузошта, бо шарофати энергияи обӣ Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ аз ҷиҳати истеҳсоли неруи барқи тоза ҷои аввалро ишѓол менамояд.

Натиҷаи ин аст, ки дар Тоҷикистон таҷдиду сохтмони неругоҳҳои обӣ идома дошта, ба наздикӣ дар кишвар истеҳсоли электромобил, электробус ва электротроллейбус оғоз мегардад, ки идомаи саҳмгузориҳо дар роҳи рушди «иқтисоди сабз» мебошад.

Дар қисмати музокира саволу ҷавоб анҷом гирифта, рушди иқтисоди «сабз» пешрафт ва суботи зиндагӣ ҳисобида шуд.

            

                                                                             Агентии хизмати давлатии назди

                                                                             Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон