Шахси нексиришт, хоксор ва ватандӯсти асил муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷурахон сарбаландона ва бо номи нек ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ расиданд.
Қосимзода Гурез Ҷурахон 13 декабри соли 1960 дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон таваллуд шуда, соли 1983 филиали Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ихтисоси омӯзгор (рӯзона) ва соли 2012 Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос (ғоибона) хатм намудааст.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз аз соли 1983 ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти рус дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон оғоз намуда, баъдан ба ҳайси мухбири рӯзномаи ноҳиявии «Вахш», мудири шуъбаи кишоварзии рӯзномаи «Вахш», мухбири рӯзномаи вилоятии «Навиди Вахш», муҳаррири рӯзномаи «Вахш», муҳаррири калони телевизиони Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Хатлон, муовини мудири шуъбаи фарҳанги шӯрои иттифоқи ҷавонони вилояти Хатлон, муовин-мудири шуъбаи фарҳанг ва иттилооти иттифоқи ҷавонони вилоят, мухбири «Садои Мардум» дар вилояти Хатлон, муовини мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо, муовини сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда, дар тарбияи насли ҷавон ҳамеша пешкор мебошанд.
Қосимзода Гурез Ҷурахон аз феврали соли 2014 дар мансаби муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ фаъолият дошта, дар тӯли фаъолияти бенуқсони меҳнатиашон бо медали ҷашнии «20-солагии давлатии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Мавсуф, дар таҳияи як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, Қоидаҳои гузаронидани баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомнома дар бораи захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои таҳияи дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо бевосита иштирок намуда, саҳми назарраси худро гузоштааст.
Дар баробари адои вазифаҳои давлатӣ, ҳамчун шахси эҷодкор низ миёни аҳли қалам шинохта шуда, охирон китоби тозанашрашон таҳти унвони «Панҷ рисолати хизматчии давлатии ҷавон» ба нашр расидааст.
Китоби «Панҷ рисолати хизматчии давлатии ҷавон» ҳамчун дастур ба насли ҷавони хизматчиёни давлатӣ, ки давомдиҳандагони сиёсати имрӯзаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, хидмат хоҳад кард.
Дар китоби мазкур муаллиф аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташкили хизмати давлатии муосири ба талаботи замон ҷавобгӯй ва панду андарзҳои тарбиявӣ андешаҳояшро манзури хонанда намудааст.
Мутолиаи чунин асарҳо дар тарбияи на танҳо насли ҷавон, балки кулли хизматчиёни давлатӣ барои баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба ватану бошандагони он замина мегузорад. Чунки хизмати давлатӣ ин хизмат ба давлат аст, давлат бошад ин пеш аз ҳама барои хизмат ба мардум масъул мебошад.
Қосимзода Гурез Ҷурахон барои пешравии соҳа саҳми назарраси худро гузошта, хизмати давлатиро тули 28 сол софдилона ва содиқона адо намуда, барои дигар хизматчиёни давлатӣ намунаи ибрат мебошанд. Аҳли коллективи меҳнатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин шахси ватандӯст ва содиқ ифтихор мекунад ва кору пайкори ин шахсияти нотакрор барои мо хизматчиёни давлатӣ ҳамчун намуна истифода карда мешавад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон