User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фавти бармаҳали  собиқ сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ (минбаъд сардори раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон)  Маҳмудзода Саттор Хол сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Маҳмудзода Саттор Хол дар Агентии хизмати давлатӣ аз соли 2005 то соли 2015, аз ҷумла солҳои 2005-2007 сармутахассиси шуъба, солҳои 2007-2009 муовини сардори шуъба ва солҳои 2009-2015 сардори шуъбаи таъминоти кадрии Агентии хизмати давлатӣ фаъолият кардааст.

Номбурда дар таҳкими қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ, татбиқи технологияҳои кадрии хизмати давлатӣ, инчунин тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаи хизмати давлатӣ ва дар маҷмӯъ барои соҳаи хизмати давлатӣ  саҳми арзанда дорад.

Номи неки  Маҳмудзода Саттор Хол дар дилу хотираи ҳамкорон ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд.