User Rating: 5 / 5

Star ActiveStar ActiveStar ActiveStar ActiveStar Active
 

Яке аз самтҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намудани таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар буда, дар ин самт мунтазам тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Аз ҷумла, дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) бо мақсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония (курсҳои магистрантура ва докторантура) ба таҳсил фиристодани хизматчиёни давлатӣ аз соли 2009 инҷониб амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади танзими ҳуқуқӣ барои давраҳои таҳсил ҳамасола байни ҷонибҳо Ёддошти тафоҳум, Созишномаи грантӣ ва Қарордоди хизматрасонӣ оид ба Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо ба имзо расонида шуда, аз 15 июни соли 2009, №151487(18-10) дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон (мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо, директори Агентии хизмати давлатӣ, сардори раёсати кадрҳои Вазорати корҳои хориҷӣ) ва Япония (Сафири фавқулодда ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Тоҷикистон) Комиссияи идоракунӣ барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония таъсис дода шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи озмун ба Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония,  Донишгоҳи Хиросима (аз соли 2009),  Донишгоҳи  Ритсумейкан, Донишгоҳи Акита (аз соли 2020) ва Донишгоҳи Дошиша (аз соли 2024) ба таҳсил фиристода  мешаванд.

Ҳангоми интихоби номзадҳо ҳамчунин профессорони донишгоҳҳои Япония ҷалб карда мешаванд.

Дар маҷмӯъ дар давоми солҳои 2009-2023  121 (зан-23) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, аз онҳо 90 (зан-15) нафар таҳсилро хатм намуда, 37 (зан-2) нафар ё 41,1 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз  1 то 6 категория боло фаъолият доранд.

Айни замон таҳсили 31 нафар (30 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.

Барои давраи таҳсили солҳои 2024-2026 дар донишгоҳҳои Япония дар Агентии хизмати давлатӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, молия, корҳои хориҷӣ ва кишоварзӣ, шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд  ва тариқи фосилавӣ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки  422 (зан-143) нафар намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор карда шуданд.

Дар натиҷа 47 нафар хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ ҳуҷҷатҳои худро барои таҳсил дар магистратураи донишгоҳҳои Япония пешниҳод намуда, моҳи январи соли 2024 имтиҳони якум (TOEFL) бо иштироки 43 нафар, моҳи марти соли ҷорӣ  суҳбат бо профессорони донишгоҳҳои Япония бо иштироки 39 нафар ва моҳи апрели соли 2024 сӯҳбат бо аъзои Комиссияи идоракунии Лоиҳаи JDS бо иштироки 24 нафар баргузор карда шуда, 15 нафар довталаби муваффақ интихоб гардиданд.

Санаи 13 августи соли равон бо иштироки муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳилолбӣ Қурбонзода, Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон -  Тошиҳиро Аики, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон-Имей Сейҷу, роҳбари минтақавии Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шиота Сатсуки ва масъулини хадамотҳои кадрии вазорату идораҳое, ки кормандони онҳо ба таҳсил фиристонида мешаванд,  маросими тантанавии гусели гуруҳи 16-уми стипендиантони Лоиҳаи JDS ба Ҷумҳурии Япония барои таҳсил дар зинаи магистратура  барои солҳои 2024-2026 баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии маросими гусел муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Сафири фавқулода ва мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Тошиҳиро Аики суханронӣ намуда, ба хизматчиёни муваффақ, ки ҳамчун стипендиант барои таҳсил дар зинаи магистратураи донишгоҳҳои Япония барои солҳои 2024-2026 сафарбар карда мешаванд, роҳи сафед ва ҳимояи муваффақонаи таҳқиқотҳои илмиашонро дар Япония таманно намуданд.

Баъдан магистрантони тозаинтихоби хизматчиёни давлатии ба Япония сафарбаршаванда фаъолияти корӣ ва муҳтавои асосии мавзуи кори илмии таҳқиқотии худро муаррифӣ намуда, омодагии худро ба таҳсил изҳор намуданд.

        

  

 

             Агентии хизмати давлатии назди

             Президенти Ҷумҳурии Точикистон