Санаи 15 октябри соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардида, дар кори он директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Агентии хизмати давлатӣ, ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълимӣ Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар аъзои ҳайати мушовара, сардорони шуъбаҳо ва дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар нуҳ моҳи соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи чоруми соли 2024 ва рафти иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва дигар маводи назоратии Агентии хизмати давлатӣ баррасӣ гардиданд.
Директори Агентии хизмати давлатӣ - Давлатов Ҷ.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини директори Агентии хизмати давлатӣ – Қурбонзода Ҳ.Ҷ. гузориш доданд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ ба ҳолати 1 октябри соли 2024 теъдоди хизматчиёни давлатии амалкунанда 18374 нафар (82,4 фоиз) ва шумораи ҷойҳои холӣ 3906 адад (17,5 фоиз) мебошад. Аз ин шумора дар мақомоти марказӣ 11990 нафар (занон 3025 нафар ё 25,2 фоиз), мақомоти иҷроияи маҳаллӣ 3483 нафар (занон 1084 нафар ё 31,1 фоиз) ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот 2901 нафар (занон 610 нафар ё 21,0 фоиз) фаъолият доранд.
Занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмӯъ 4719 нафар ё 25,6 фоизро ташкил дода, аз 5886 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1203 нафар ё 20,4 фоиз занони роҳбар мебошанд. Дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди занони роҳбар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 89 нафар зиёд шудааст.
Теъдоди ҷавонони то 35-сола 9010 нафар (49,0 фоиз)-ро ташкил дода, дар мансабҳои роҳбарикунанда теъдоди ҷавонони то 35-сола 1655 нафар буда, 28,1 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентии хизмати давлатӣ 24 лоиҳа (18 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва 6 лоиҳаи санади байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳои дуҷониба) таҳия гардиданд, ки аз ин 10 лоиҳа қабул, 5 лоиҳа дар баррасии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 9 лоиҳа дар баррасии вазорату идораҳо ќарор доранд.
Дар нуҳ моҳи соли 2024 тибқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ (фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647) масъулини Агентии хизмати давлатӣ дар 330 (маќомоти марказӣ-128 ва мақомоти маҳаллӣ-202) (соли 2023-304) ҷаласаи комиссияҳои озмунии мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Дар ин давра барои ишғоли 7818 (соли 2023-3744) мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон гардида, барои ишғоли 3135 (соли 2023-2887) мансаби холӣ бо иштироки 3932 (соли 2023-5137) нафар, аз он зан 1054 (соли 2023-923) нафар довталаб озмун гузаронида шуда, 2760 (соли 2023-2644) нафар, аз он зан 830 (соли 2023-954) нафар довталаб барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ тавсия дода шуданд. Ба 4683 (соли 2023-1278) мансаби дигар (қариб 60 фоизи мансабҳои ба озмун пешниҳодшуда) ҳуҷҷат супорида нашудааст. Муайян гардид, ки барои ишғоли як мансаб бо назардошти мансабҳои ҳуҷҷат пешниҳоднашуда 0,5 довталаб рост меояд.
Аз 2760 (соли 2023-2644) нафари ба мансабҳо таъингардида 1867 (соли 2023-1479) нафар ҷавонони то 35 - сола мебошанд.
Довталабони бори аввал ба хизмати давлатӣ таъиншуда, ки нисбати онҳо талаботи банди 37 Низомномаи мазкур 3 холӣ иловагӣ пешбинӣ карда шудааст, 515 (соли 2023-414) нафарро ташкил медиҳад, ки аз он занон 350 нафар ва ҷавонони хизмати ҳарбиро адонамуда 165 нафар мебошанд.
Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2024 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 27 курси таълимӣ, аз ҷумла-3 курси азнавтайёркунӣ, 2 курси таҷрибаомӯзӣ, 22 курси такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ доир карда шуда, дар онҳо 1463 (зан-556) нафар хизматчиёни давлатӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Сардори шуъбаи кадрҳо коргузорӣ ва назорати Агентии хизмати давлатӣ Насуллозода Ф.Н. дар бораи рафти иҷрои консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва дигар маводи назоратии Агентии хизмати давлатӣ (масъалаи дуюм) маърӯза намуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентии хизмати давлатӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.