Дар доираи барномаҳои таълимӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисос барои сармутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилоят, минтақа ва шаҳру ноҳияҳо курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Дар ифтитоҳи расмии курси такмили ихтисос, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Раҳмоншо Давлат, ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Зулфия Аҳмадзода ва директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академия Шоҳрух Ҳамидов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти курси такмили ихтисос ба шунавандагон вобаста ба мавзуъҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисодиёти рақамӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ, таҳлили хавфҳои коррупсионӣ дар мақомоти давлатӣ ва дигар мавзуъҳои қобили таваҷҷуҳ бо ҷалби мутахассисон ва омӯзгорон машғулиятҳо гузаронида мешавад.
Академияи идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон