Дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 15 октябр то 4 ноябри соли 2024 дар шаҳри Чаншаи музофоти Хунани Ҷумҳурии Мардумии Чин бо иштироки хизматчиёни давлатии кишварҳои аъзои созмони СҲШ семинари омўзишӣ дар самти идоракунии маъмурӣ барои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай идома дорад.
Дар семинари мазкур Маҷидзода Саидаброр Исломҷон - муовини сардори шуъбаи ташкилию итилоотӣ, Ашурбеков Эҳсон Маҳмуродович - сармутахассиси шуъбаи молия ва муҳосибот ва Ғуломов Сунатулло Ҷураевич - сармутахассиси шуъбаи кадрҳо, коргузорӣ ва назорати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.
Дар семинари мазкур намояндагони Агентии хизмати давлатӣ бо маърўза баромад намуда, сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти хизмати давлатӣ муарифӣ намуданд.
Ҳадафи баргузории семинар ин омўзиш ва табодули таҷриба барои кишварҳои аъзо мебошад.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон