Санаи 22 октябри соли 2024 дар доираи ҳамкориҳои Агентии хизмати давлатӣ бо Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICE) ҷиҳати омодасозии кадрҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Япония чорабинии таблиғотӣ бо иштироки васеи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентии хизмати давлатӣ ва Имай Сеҷу-роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (JICA) бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ќайд намуданд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония ҷиҳати ба донишгоҳҳои Япония ба таҳсил (курсҳои магистрӣ ва докторӣ) фиристодани хизматчиёни давлатӣ бо маќсади рушди захираҳои инсонӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аз соли 2009 инҷониб роҳандозӣ карда мешавад.
Дар доираи ин ҳамкориҳо ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар курсҳои магистрӣ ва доктории донишгоҳҳои Япония (аз соли 2009-5, аз соли 2017-8, аз соли 2019-13, аз соли 2020-16 нафар) тариқи озмун интихоб ва барои таҳсил ба Япония фиристода мешаванд.
Дар маҷмуъ дар давоми солҳои 2011-2024 теъдоди 136 (зан-25) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 94 (зан-16) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, 37 (зан-2) нафар ё 39,3 фоиз аз мансаби то таҳсил ишғолнамуда аз 1 то 6 категория боло фаъолият доранд.
Айни замон таҳсили 42 нафар (41 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дошта, муҳлати таҳсил дар магистратура 2 сол ва дар докторантура 3 сол муқаррар гардидааст.
Дар як ваќт барои давраи нави таҳсил (солҳои 2025-2027 барои магистратура, солҳои 2025-2028 барои докторантура) заминаҳои зарурии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Ёддоштҳои табодулӣ, Созишномаи грантӣ ва Ќарордод оид ба хизматрасонӣ ҷиҳати идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо (Лоиҳаи JDS) ба имзо расонида шуда, татбиќи онҳо идома дорад.
Ҳамзамон бо мақсади татбиқи самарабахши Лоиҳаи JDS дар ҳайати намояндагони ҷониби Тоҷикистон ва Яопонияи иборат аз 5 нафар Комиссияи идоракунии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо таъсис дода шуда, фаъолияти он барои ҷалбу интихоби довталабон ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония нигаронида шуда, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи Осиё ва Уќёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Япония, Донишгоҳи Хиросима, Донишгоҳи Ритсумейкан, Донишгоҳи Акита ва Донишгоҳи Дошиша ба таҳсил фиристода мешаванд.
Дар рафти чорабинии таблиғотии мазкур барои иштирокчиён рунамо аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳадафҳо, мақсадҳо, тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид.
Мақсади рӯнамои мазкур барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатӣ дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Япония дар соли 2025 ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур мебошад.
Ҳамзамон ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур байни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, баргузории чорабиниҳои таблиғотии Лоиҳа JDS дар вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон низ пешбинӣ шудааст.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон