User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

Санаи 20 июни соли 2025 тибқи нақшаи омӯзишҳои идоравии хизматчиёни давлатӣ бо иштироки сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - Саидзода Шаҳбоз, сардори шуъбаи ташкилӣ ва иттилоотии Агентӣ Кенҷазода Мирзо ва хизматчиёни дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроия хониши идоравӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа дар баробари мавзӯи нақшавӣ, инчунин масъалаҳои муҳимтарини марбут ба фаъолияти хизматчиёни давлатӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷониби масъулин ба саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои мушаххас пешниҳод карда шуд.

                                                                                                                          Сарчашма: аз фейсбуки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе