Санаи 8 июли соли 2025 пас аз анҷоми музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.
Дар маросими имзои санадҳо аз ҷониби директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Идрисзода Илёс Мумин ва директори Агентии давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Базарбаев Кудайберген Базарбаевич Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ ба имзо расонида шуд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур барои таҳкими ҳамкориҳо, аз ҷумла омўзиши таҷриба, ташкили такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, рақамикунонӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи хизмати давлатӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда, фаъолият дар ин соҳа тақвият дода мешавад.