Санаи 10 июли соли равон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара баргузор гардида, дар кори он раис ва аъзои ҳайати мушовара, Идрисзода Илёс Мумин директори Агентӣ,Қувватзода Сайдулло Зувайд - мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон - муовини директори Агентӣ, Одиназода Фирдавс Ҷалил - ноиби якум, ноиби ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва маҳаллӣ, дигар кормандони Агентии хизмати давлатӣ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентӣ барои нимсолаи дуюми соли 2025 баррасӣ гардиданд.
Директори Агентӣ - Идрисзода И.М. ҷаласаро оғоз намуда, аз рӯйи масъалаи якум муовини директор - Қурбонзода Ҳ.Ҷ. гузориш доданд.
Зимни маърӯза қайд гардид, ки тибқи таҳлилҳои Агентии хизмати давлатӣ аз шумораи умумии хизматчиёни давлатии амалкунанда занон 4 682 нафар ё 25,1 фоиз ва ҷавонони то 35-сола 9116 нафар ё 48,9 фоиз мебошанд.
Дар рафти гузориш қайд карда шуд, ки дар нимсолаи якуми соли 2025 дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатӣ ва мақомоти давлатӣ 19 курси таълимӣ, аз ҷумла 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос ва 1 курси сайёри таҷрибаомўзӣ доир карда шуда, 1 008 (зан-256, ҷавонони то 35-сола-546) нафар шунаванда ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд.
Ҳамчунин вобаста ба дигар самтҳои фаъолияти Агентӣ, аз ҷумла баргузории озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ, аттестатсия, ҷойивазкунӣ, баҳодиҳии фаъолият, захираи кадрҳо, забономӯзии хизматчиёни давлатӣ, ҳолати риояи қонунгузории соҳа дар мақомоти давлатӣ ва ғайраҳо диққати махсус дода шуд.
Сардори шуъбаи ташкилию иттилоотии Агентӣ Кенҷазода М.А. дар бораи лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2025 (масъалаи дуюм) маърӯза намуда, лоиҳаи нақшаи мазкур барои тасдиқ пешниҳод карда шуд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа директори Агентӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла дар самти риояи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, пурра намудани ҷойҳои холӣ, беҳтар кардани сифати баргузории озмунҳо ва аттестатсияҳо дар мақомоти давлатӣ, ҷалби бонувони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ, такмили барномаҳои таълимии курсҳои омӯзишии хизматчиёни давлатӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дод.
Вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои иҷро пешниҳод карда шуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон