Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 4 сентябри соли равон чорабинии бошукўҳи тантанавӣ таҳти унвони «Рушди хизмати давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур Идрисзода Илёс Мумин - директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Сафарзода Даврон Ҷурахон - ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллозода Фирдавс Асадулло - муовини якуми директори Агентии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корманди Агентӣ, магистрантон-хизматчиёни давлатии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ва Бунёди Ханнс Зайдели Олмон иштирок намуданд.
Дар ифтитоҳи чорабинии Идросзода И.М - директори Агентии хизмати давлатӣ меҳмонон, иштирокчиён ва тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуд.
Зимни суханронӣ иброз гардид, ки мардуми шарафманди кишвар дар 34 соли соҳибистиқлолӣ имтиҳонҳои душворро паси сар намуда, дар якҷоягӣ ба бунёди ҷомеаи соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона поя гузоштанд. Тоҷикистон дар давраи Истиқлолият ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки барқарор гардидани сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ яке аз дастоварди беназири мардуми тоҷик мебошад.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби баромадкунандагон қайд карда шуд, ки истиқлолият барои миллати тамаддунофари тоҷик рӯйдоди сарнавиштсоз буда, барои бунёди давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мо замина гузоштааст.
Ҳамчунин маърузачиён баён доштанд, ки истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои миллат мебошад.
Дар фарҷоми суханрониҳо қайд карда шуд, ки бигузор иттиҳоди тоҷикон ҳамеша поянда бошад ва ин ҷашни муборак чун нишони фазилати халқи соҳибтамаддуни тоҷик ба ҳар кадом хизматчии давлатӣ дар роҳи хидмат ба Ватан ва миллат ва таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистони азиз пайваста нерӯю илҳоми тоза бахшад.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» Маҳмадализода Нилуфар Илҳом, ки дар асоси фармоиши директори Агентии хизмати давлатӣ аз 21 июли соли 2025, №137 ба мансаби мутахассиси шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Агентии хизмати давлтии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қараева Нодира Ашуровна бо амри Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2025, №103 ба мансаби мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дасгоҳи раиси ноҳияи мазкур таъин карда шудаанд, бо ҳисси масъулияти баланди ватандўстӣ савганд ёд намуданд.
Агентии хизмати давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон