Дар толори Агентии хизмати даавлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ ва мувофиқа бо Агентии хизмати давлатӣ барои роҳбарони хадамоти кадрии мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои давлатӣ, инчунин довталабони лоиҳаи мазкур санаи 31 октябри соли ҷорӣ чорабинии таблиғотӣ вобаста ба муаррифии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон, машваратчии Сафорати Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сасаме Кеничиро ва роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония дар Тоҷикистон ҷаноби Имей Сейҷу иштирок ва баромад намуданд.
Зимни баромадҳо қайд гардид, ки ҳамасола хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Япония аз соли 2009-5, аз соли 2017-8, аз соли 2019-13 ва аз соли 2020-16 нафар тариќи озмун интихоб карда мешаванд.
Дар маҷмуъ дар давоми солҳои 2011-2025 152 (зан-27) нафар намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои Япония фиристода шуда, 136 (зан-24) нафар магистратураи донишгоҳҳои Японияро хатм намуда, таҳсили 16 нафар (15 нафар дар магистратура ва 1 нафар дар докторантура) идома дорад.
Бояд қайд намуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Япония вобаста ба омода намудани мутахассисони кишвари мо дар доираи татбиқи Лоиҳаи JDS сол аз сол тавсеа ёфта, барои рушд ва истифодаи самарабахши захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Инчунин аз ҷониби Шифо Шарифзода – мушовири калони Дафтари Лоиҳаи JDS дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамо оид ба ҳадаф, мақсад, имкониятҳои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, интихоб, ҳуқуқ ва уҳдадориҳо тибқи муқаррароти Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) муаррифӣ гардид.
Мақсади рӯнамои Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) барои интихоб ва сафарбарии хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар зинаи магистратура ва бомуваффақона амалӣ намудани лоиҳаи мазкур дар соли 2026 мебошад.
Ҳамзамон миёни иштирокчиён, хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳадафманд татбиқ ва амалӣ гардидани Лоиҳаи мазкур саволу ҷавоб доир гардид.
Чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотии татбиқ ва амалигардонии Лоиҳаи пешниҳоди стипендияҳо барои омодасозии кадрҳо дар Япония (Лоиҳаи JDS) идома доранд.
