Хабарҳои агентӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 4495
21 декабри соли 2021 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир ва аъзои Ҳкумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари
Муфассал: ИРОАИ ПАЁМИ НАВБАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 29379
Санаи 10 декабри соли 2021 ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он рафти иҷрои њисоботи гурӯҳ оид ба бартараф намудани хавфҳои коррупсия дар Агентии хизмати давлатӣ ва лоиҳаи Барномаи идоравии зиддикоррупсионии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҷаласаро директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М. ифтитоҳ бахшида, аз рӯйи масъалаҳои пешбинишуда сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва назорат Сайфуддинова Р.Р. ва муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ Қосимзода Г.Ҷ. гузориш доданд.
Муфассал: ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ АГЕНТИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1588
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси такмили ихтисосро барои сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳои маорифи шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф» ташкил намуд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 3693
Барои давраи навбатии таҳсили солҳои 2022-2024 барои магистратура, солҳои 2022-2025 барои докторантура лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси лоиҳаи Ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Лоиҳа оид ба бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» бо мақомоти давлатии дахлдор мувофиқа ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 2021, №250 маъқул дониста шуда, Ёддоштҳои табодулии мазкур аз 2 сентябри соли 2021 аз ҷониби вазири корҳои хориҷӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин Ёддоштҳои табодулии мазкур бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2021, №553 тасдиқ (ратификатсия) карда шуд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1728
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз рӯйи барномаи «Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» курси такмили ихтисос барои сарнотариусҳои идораҳои нотариалии давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ташкил намуд. Курси мазкур аз 22 то 26 ноябри соли ҷорӣ идома ёфта, ба он 50 нафар шунаванда фаро гирифта шуданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1329
Таҳти чунин унвон 24 ноябри соли 2021 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини директори Агентии хизмати давлатӣ-Аюбӣ Бибиосия дар симои кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, зимни суханронӣ аз ҷумла қайд намуд, ки Парчами давлатї яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола санаи қабули
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1620
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 2021 маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар симои кормандони Агентии хизмати давлатӣ тамоми хизматчиёни давлатиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, таъкид намуд, ки фарзанди фарзонаи тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 2068
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар курси нақшавии сайёри такмили ихтисос аз рӯйи барномаи «Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои мутахассисони шуъбаю бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҳудуди онро аз 9 то 11 ноябр баргузор намуд.