Хабарҳои агентӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 26284
Яке аз шаклҳои технологияи кадрӣ, ки барои тарбияи кадрҳои ҷавон мусоидат менамояд, ин ташкил ва истифодаи захираи кадрҳои ҳайати роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ мебошад.
Агентии хизмати давлатӣ ҳамасола ташкили курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисосро барои кадрҳои ҷавону болаёқате, ки дар захираи кадрҳои мақомоти давлатӣ қарор доранд, дар Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 938
Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 22 декабри соли 2017 таъкид гардид: «Такмили низоми идоракунии давлатӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат самти муҳими ислоҳоти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳалли муваффақонаи масъалаҳои рушди минбаъдаи кишвар, пеш аз ҳама, бо самаранокии низоми идоракунӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни давлатӣ, бартараф намудани монеаҳои сунъӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ алоқаманд мебошад».
Муфассал: Курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ»
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 2695
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти роҳбарони баъзе вазорату идора ва раисони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тағйироти кадрӣ ба амал бароварданд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Данғара, Ховалинг ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе аз вазифаҳояшон озод гардиданд.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфӣ Муҳаммадраҳим-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Акрамзода Рустам-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод, Раҳмон Исломиддин Хайриддин- иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва Акрамзода Парвиз Акрам-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардиданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 970
Санаи 11 январи соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими хатми магистратура барои хизматчиёни давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Гурез Ҷӯрахон, ректори Донишкадаи идоракунии давлатӣ Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муфассал: Боз 53 нафар хизматчиёни давлатӣ соҳиби ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» гардиданд
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 3610
Cанаи 4 ноябри соли 2016 машғулияти идоравӣ дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар хизмати давлатӣ» барои хизматчиёни давлатии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Машғулиятро муовини якуми директори Агентии хизмати давлатӣ – Қосимзода Г.Ҷ. ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрик намуд. Зимни суханронӣ зикр карда шуд, ки воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ аст.
Мувофиқи муқаррароти Конститутсия ҳаёти ҷомеа дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфта, барои ҳамаи аҳли ҷомеа баробар хидмат мекунад. Яъне Конститутсия кафолат медиҳад, ки ҳар шахс метавонад дар ҳайати ҷомеа ва идоракунии давлат фаъолона ширкат варзад.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 4899
Кормандони Агентии хизмати давлатӣ ва Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2015 Наврӯзро бо рӯҳияи баланди ватандӯстию худшиносии миллӣ ҷашн гирифтанд.
Аз ҷониби магистрантҳо ва донишҷӯёни Донишкада намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои наврӯзӣ дар сатҳи баланд ташкил карда шуда, сипас барномаи театрикунонидашудаи наврӯзӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Ҳамзамон байни кормандони Донишкада ва Агентӣ озмуни зарифон гузаронида шуд, ки хеле хотирмон ва ҷолиб буд.
Ҳамчунин дар ин рӯз миёни кормандони Агентӣ ва Донишкада мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла шашкабозӣ ва дастхобонӣ баргузор шуда, дар ҷамъбаст ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Агентӣ тақдим гардид.