User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар соли 2021 аз 28 то 30 апрели соли равон 23 нафар раисони шаҳру нохияҳо ва 28 нафар роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии масъули самти маҳалро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Идоракунии давлатӣ дар замони муосир» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 9 апрели соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2021, баргузории аттестатсияи хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ дар соли 2020 ва мониторинги ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба хизмати давлатӣ дар соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 29 марти соли равон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи магистратураи дусолаи хизматчиёни давлатӣ бо ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» барои солҳои таҳсили 2021-2022 (таҳсили шабона) баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021 тасдиқ гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Кормандони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фавти бармаҳали сармутахассиси шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ дар вилояти Суғд Мансурзода Абдулло Манон сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 18 феврали соли равон дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2020 бо иштироки директори Агентии хизмати давлатӣ Давлатов Ҷ.М., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо М., муовини директори Агентии хизмати давлатӣ Аюбӣ Б.О., ноиби якуми ректор оид ба таълими Академияи идоракунии давлатӣ Сафаров Д.Ҷ., инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Агентии хизмати давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар баъзе мақомоти давлатӣ технологияҳои кадрӣ (озмун, баҳодиҳӣ, аттестатсия, такмили ихтисос) нокифоя амалӣ шуда, талаботи тахассусии мансабҳо риоя намешавад. Инчунин барои ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд. Аз ин рӯ механизми кор бо захираи кадрҳои хизмати давлатӣ, гузаронидани ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда ва амалисозии Кодекси одоби хизматчии давлатӣ дар сатҳи зарурӣ амалӣ намегардад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

18 феврал Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.