User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 5 декабри соли равон ҷаласаи ҳайати мушовараи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021 ва лоиҳаи Нақшаи кори Агентии хизмати давлатӣ барои нимсолаи якуми соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Яке аз самти асосӣ дар раванди мубориза бо бемории коронавируси КОВИД-19 ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад. Дар Тоҷикистон ҳангоми дастрасӣ бо  ваксина нахуст кадом қишри аҳолӣ ваксинатсия  карда мешаванд?

 Ба ин савол Вазири тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА  ба АМИТ «Ховар» посух дод. Номбурда  чунин  иброз дошт:

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар як шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ҳодисаи нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ба кор даровардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»  ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи муваққатии майдони сохтмони Роғун Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода истиқбол гирифтанд.

Ҳамчунин барои иштирок дар ин рӯйдоди таърихӣ намояндагони воломақоми кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳуриҳои Италия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, дигар давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 31 октябри соли равон мувофиқи Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ барои кормандони Агентӣ ва муҳассилини магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғулияти идоравӣ бо иштироки омӯзгорони Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти идоравӣ масъалаҳо вобаста ба иштироки инфиродии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ,  роҳу усулҳои пешгирии савдои одамон, ҳамчунин моҳият ва ҳадафҳои таъмини иҷрои талаботи қонунгузории мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Нуриддинзода С.Н.- муаллими калони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурӣ ва Бухориев Б.Р.-дотсенти кафедраи такмили ихтисоси Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Агентии хизмати давлатӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ шудааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ 72 нафар сармутахассисони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро ба курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Сиёсати давлатӣ оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15 то 20 октябри соли 2018 дар Донишкадаи идоракунии давлатии  назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд.  

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 3 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорчӯбаи сафари расмӣ ба Япония сафар намуд.

Дар ҷараёни сафари расмӣ дар баробари дигар мулоқотҳо ва чорабиниҳо баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқоти сарони давлатҳо бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва истиқболи самимӣ ба Сарвазири Япония муҳтарам Синдзо Абэ изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Япония дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешрафтаи олам мақоми хоса дорад ва аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун шарики муҳим дар арсаи байналмилалӣ амал менамояд.