User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

17 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуданд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳарду ҷониб самарабахш хоҳад буд.

Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Сарвари давлати моро бо баргузорсозии босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфтанд.

Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид доштанд, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.

Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.

Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат карда шуд.

Гуфта шуд, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20%-ро ташкил медиҳад.

Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад.

Бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотӣ амри муҳим дониста шуд.

Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.

Таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чин самти ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули андеша сурат гирифт.

Ҳар ду ҷониб оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд.

Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар соли равон истиқбол карда шуд.

Cатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар чорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” таъкид гардид.

Ҷонибҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид доштанд.

Аз руи натиҷаи мулоқоти Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;

- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонаии Чин;

- Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин.

Сарчашма:president.tj