User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive
 

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун”-ро ба истифода доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хатти истеҳсолӣ ва имкониятҳои корхонаи истеҳсоли калсит шинос шуда, бо кормандон суҳбати самимӣ доир намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд.

Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд. Он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз он омода мегардад, бунёд ёфтааст.

Тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ин ашёи хоми маҳаллӣ сифати баланд дошта, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Дар корхона партовҳои санги мармари коркардшуда низ истифода мегардад, яъне раванди истеҳсолот дар ин ҷо бе партов ба роҳ монда шудааст, ки яке аз бартариятҳои ин коргоҳ дониста мешавад. 

Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шуда, 40 нафар сокини маҳаллӣ дар ин ҷо соҳиби ҷои кори доимӣ шудаанд.

Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ ба кор бурда шуда, дар истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳ, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзгор, техникаи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, бо истифодаи хокаи калсит дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ, қоғаз ва рангу бори хона истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ серхаридор аст.

Корхонаи навбунёд барои пурра қонеъ сохтани талаботи саноати Тоҷикистон бо микрокалсити гуногунҳаҷм имкон дорад. Дар ин баробар, истеҳсоли маҳсулоти корхонаи мазкур ивазкунандаи воридот буда, дар бозор рақобатпазир аст.

Дар заминаи захираи маҳсулоти корхонаи нав масъулин кӯшиш доранд, ки дар марҳилаи дуюм истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии саноатиро ба роҳ монанд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо амалӣ гардидани ҳадафи мазкур шумораи умумии кормандони корхона аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ зиёд карда шуда, ҳамаи онҳо аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида мешаванд.

Маҳсулоти истеҳсолгардида бо истифода аз озмоишгоҳи муосире, ки дар назди корхона таъсис дода шудааст, аз санҷиш гузаронида, бо стандартҳои ҷаҳонӣ ба харидорон пешниҳод карда мешавад.

Корхона дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат оид ба истифодаву коркарди захираҳои ғании табиии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, барои роҳандозии содироти маҳсулоти он ба дигар кишварҳо, таъмини пурраи эҳтиёҷоти соҳаи саноати кишвар бо микрокалсит ва ба роҳ мондани содироти он дастуру тавсияҳои муфид доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати корхонаи истеҳсоли калсит коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороиширо мавриди истифода қарор дода, аз намоиши маҳсулоти ниҳоӣ дидан намуданд.

Бунёди корхонаҳо дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сурат гирифта, ба истифода додани он ба рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки бунёди чунин корхонаҳо дар кишвар таҷрибаи нав набуда, аз лиҳози масоҳат ва иқтидори истеҳсолӣ калонтарин коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ дониста мешаванд.

Ҳоло бо назардошти фаъолияти ҳамаи коргоҳҳо беш аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин гардида, дар оянда бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот теъдоди коргарон зиёд карда мешавад.

Коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он, дар ҳамаи бахшҳои соҳаи саноат, аз масъалаҳои муҳим дониста мешавад. Бо инобати ин, ашёи хом ба корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” аз захираҳои табиии Тоҷикистон таъмин шуда, баъди коркарди пурра ба мизоҷон дастрас мегардад. Яъне бо рӯи даст гирифтани чунин иқдом, барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунони босуръати кишвар ва иҷрои бандҳои Стратегияи рушди соҳаи саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қадамҳои устувору босамар гузошта мешавад.  

Коргоҳҳои коркарди мармар ва сангҳои ороишӣ бо таҷҳизоти насли нави рақамӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори истеҳсоли тахтасангҳои ороишӣ ва ё ба истилоҳ мозайка дар коргоҳҳо 10 ҳазор метри мукааб ва коркарди сангҳои мармар бошад, 160 ҳазор метри мукаабро дар як сол ташкил хоҳад дод.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ҳамчун пойгоҳи истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда пешбинӣ гардида, барои қонеъсозии талаботи дохила низ нақши муассир дорад.

Қаблан санги истихроҷшуда аз ноҳияи Ванҷ ва дигар ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе коркард ва бо харҷи зиёд барои коркард ба дигар корхонаҳои кишвар интиқол ёфта, сипас маҳсулоти тайёр ба хориҷ ва ба мизоҷони ватанӣ дастрас мешуд. Баробари ба фаъолият пардохтани корхонаҳои мазкур кор дар ин самт осон гардида, маҳсулоти тайёр бо нархҳои дастрас пешкаши мизоҷон карда мешавад.

Барои ташкили инфрасохтори зарурӣ ва фароҳам овардани шароити кор аз ҷониби маъмурияти ин коргоҳҳои истеҳсолӣ, роҳи мошингарди кони Поймазор, аз роҳи асосӣ то деҳаи Поймазори ноҳияи Ванҷ ва ба кони Даштак ҳамвор, васеъ ва барқарор карда шуда, роҳҳо то мавзеи корхона комилан навсозӣ шудааст.

Бобати таъмин бо неруи барқ то мавзеи корхона дар маҷмуъ дар масофаи 27 км хатти неруи барқ бо иқтидори 35 киловатт (кВт) кашида шудааст, ки дар баробари корхона, инчунин сокинони 4 деҳаи ноҳияи Ванҷ тавассути он бо барқ таъмин мешаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҷмааи корхонаҳои ширкати “Мармар Стоун” ба иқдоми ташаббускорон барои ҳамоҳангӣ ва иҷрои ҳадафҳои кишвар дар самти рушди соҳаи саноат, изҳори миннатдорӣ карда, истифодаи захираҳои дохилӣ – ашёи хоми мавҷударо дар ин замина ба манфиати кор арзёбӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ давра ба давра талаботи дохилиро таъмин карда, барои боз ҳам беҳтарсозии сатҳи некуаҳволии мардум ҳиссагузорӣ намоянд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти тайёри коргоҳҳо дидан намуданд.

Дар коргоҳҳои Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” беш аз 20 намуди сангҳои табиӣ коркард шуда, маҳсулоти баландсифат истеҳсол мегардад. Лавҳаҳои мармарӣ, сангҳои хорои андозаашон гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, панҷараҳои зина, зертахтаҳои тиреза, сутунҳо, армуғон ва дигар лавозимоти ороишӣ аз санг, номгӯи маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳоро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ бо санъати волои миллӣ омода карда шудааст.

Сарвари давлат ба сифати маҳсулот ва тарҳу ҳаккокии онҳо баҳои баланд дода, ба масъулин баҳри зиёд намудани иқтидори истеҳсолии коргоҳҳо дастуру тавсияҳо доданд.

Дар навбати худ масъулин ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароит ва дастгирии бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар таъмини пешрафти кишвар ва амалисозии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳанд буд.

Роҳбарияти корхонаи бо роҳнамоии Сарвари давлат тасмим гирифтанд, ки дар оянда бо мақсади қонеъсозии талабот ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ дар заминаи корхона боз як коргоҳи дигар бо беш аз 60 ҷойи корӣ бунёд намоянд.

Сарчашма:president.tj