27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама ҳозирин ва мардуми шарифи кишварро бо санаи муҳими таърихӣ солгарди ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки мо ба ваҳдати миллӣ маҳз ба шарофати ақлу хирад ва иродаи қавии мардуми сарбаланди кишвар расидем ва он оғози марҳалаи нав дар таърихи давлатдории мо гардид.
Сарвари давлат ваҳдати миллиро рамзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, омили асосии рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат арзёбӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза нигоҳ доштани фазои сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллиро вазифаи муқаддаси ҳар фарди бедордилу ватандӯст номиданд.
Гуфта шуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунсози тоҷик аз оғози таърихи ташаккулёбии худ пуштибону тарғибгари фарҳанги сулҳ ва ойини сулҳофарӣ буд.
«Мо, ки ворисони мероси ҷовидонаи ниёгони некноми худ мебошем, ҳанӯз беш аз сӣ сол қабл фаъолияти шабонарӯзиро ба хотири қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва таъмин намудани сулҳ оғоз кардем», изҳор доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат аз оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдовар шуда, доир ба тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар баҳри наҷоти миллат, аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани сарзамин ва баргардондани ҳамватанон ба Ватан андешаронӣ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ин корро барои он анҷом додем, ки миллати мо сарҷамъ бошад.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар имрӯз сатҳу сифати зиндагии мардумамон пайваста боло меравад ва шаҳрвандони Тоҷикистон ба хотири фардои ободи Ватан ва ояндаи дурахшони фарзандону набераҳои худ ба заҳмати созандаву ободгарона машғуланд.
«Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра пешсаф мешиносад, эътироф мекунад ва ташаббусҳои онро дастгириву амалӣ месозад», изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Баргузории Конфронси сатҳи баланд доир ба ҳифзи пиряхҳоро, ки чанд рӯз пеш дар пойтахти кишварамон доир гардид, Сарвари давлат далели возеҳи ин гуфтаҳо номиданд.
Зимни суханронӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кории худро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ намуда, бунёди шоҳроҳҳои замонавӣ тавассути ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ифтитоҳи неругоҳи барқии обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа бо тавоноии 11 мегаватт ва дигар иншооти ҳаётан муҳимро руйдодҳои тавсеабахши рушди вилоят номиданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки имрӯз ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихор аз Ватани соҳибихтиёру озод, пос доштани мероси таърихиву арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии мардуми тоҷик бамаротиб густаришу тақвият ёфтааст ва ин падидаи нек моро ба ояндаи дурахшони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ умеди қавӣ мебахшад.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар шароити ҳозира ҳар як фарди худогоҳи кишварро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ тарбия кардани фарзандони худ, яъне наврасону ҷавонон саъю талош варзад.
Баъди суханронии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ барномаи консертии устодони санъати тоҷик ва ҳунармандони вилоят баргузор гардид, ки бо шукуҳу шаҳоматаш мақбули меҳмонони ҷашнвора шуд.
Барномаи консертӣ аз рақсу сурудҳои тараннумгари сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва дӯстию бародарӣ иборат буд.
Дар тадбири фарҳангӣ шеърҳо аз шоирони маҳбуб ва навоҳои оҳангсозони шинохтаи кишвар истифода карда шуд.
Барои рангину хотирмон сохтани барномаи идона 5000 ҳунарпешаи касбӣ ва ҷавонони соҳибистеъдоду ҳаваскор ба он ҷалб шуданд.
Суруду оҳангҳои тозаэҷоди аҳли санъат ба барнома шукуҳи тоза бахшид ва тантанаи ҷашни ваҳдати миллӣ дар фазои шаҳри Хоруғ барои меҳмонон ва иштирокдорони он танинандоз гардид.
Сарчашма:president.tj