Хабарҳои агентӣ
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1224
Дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491 санаи 30 январи соли 2024 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муфассал: Нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатӣ баргузор гардид
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 885
Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 фаъолияти худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи Агентии хизмати давлатӣ ва нақшаҳои корӣ ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ корҳои зеринро иҷро намуд:
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1284
Санаи 26 январи соли 2024 дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши идоравӣ вобаста ба амалисозии қисмҳои дахлдори «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2022, №482 тасдиқ карда шудааст, барои кормандони Агентии хизмати давлатӣ баргузор карда шуд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 1528
Санаи 26 январи соли 2023 дар маҷлисгоҳи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои банди 54 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №168 тасдиқ карда шудааст, ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба таҳияи Стратегияи давлатии кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 930
Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори омма расонида мешавад, ки мувофиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 (бо тағйиру иловаҳо аз 15 сентиябри соли 2011, №1729) ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 декабри соли 2023, №26/10-491 нишасти матбуотии Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатӣ дар соли 2023 санаи 30 январи соли 2024, соати 1000 дар бинои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишонии шаҳри Душанбе, кӯчаи Саид Носир-33, ошёнаи 2 баргузор мегардад.
Муфассал: ЭЪЛОН (Даъвати нишасти матбуотии агентии хизмати давлатӣ 30 январи соли 2024)
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 811
Санаи 16 январи соли 2024 бо иштироки корманди Агентиии хизмати давлатӣ – Раҷабмурод Толибов барои кормандони Агентӣ ҷамъ 23 нафар омӯзиши идоравӣ дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосиии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2023» баргузор карда шуд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 843
Санаи 16 январи соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ»–и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур дар соли 2023 баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастии мазкур Дилноза Аҳмадзода - раиси ташкилоти ибтидоии «Хизмати давлатӣ», муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуллоев Нусратулло - сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кормандони Агентии хизмати давлатӣ, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хизмати давлатӣ» иштирок намуданд.
- Подробности
- Категория: НОВОСТИ АГЕНТСТВА
- Намоишҳо: 656
Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси азнавтайёркунӣ аз рӯйи барномаи «Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки солҳои 2022-2023 ба хизмати давлатӣ қабул гардидаанд, ифтитоҳ гардид.