ҲАМАИ ХАБАРҲО
11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ машварати корӣ доир намуданд.
Дар машварат масоили вобаста ба таъмини амният ва оромию субот дар кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд.
Рӯзҳои 8-9 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар ҳошияи чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ва дар доираи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо як қатор иштирокдорони ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд суҳбатҳои судбахш анҷом доданд.
Хонумҳо ва ҷанобон,
Имрӯз ҳифзи уқёнусҳо, ки беш аз 70 фоизи сатҳи сайёраро фаро гирифтаанд, ба яке аз вазифаҳои басо авлавиятноки башарият табдил ёфтааст.
Хатарҳои муосир ба уқёнусҳо мушкилоти умумибашарӣ буда, беш аз пеш андешидани тадбирҳои дастҷамъиро тақозо менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Ҷумҳурии Фаронса сафар карданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шудаанд.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Ҷумҳурии Фаронса шуданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Кот-д'Азури шаҳри Нитса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки маҳз ҳайати баландихтисос ва дорои салоҳияти баланди корӣ метавонад марҳилаҳои гузариш, душвор ва падидаҳои бўҳрониро дар тамоми соҳаҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҳаллу фасл намояд.
Аз 21 то 23 майи соли 2025 дар ноҳияи Шаҳритус курси сайёри таљрибаомўзї барои раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияҳои Ишкошим, Роштқалъа, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Шаҳритус, Вахш, Рӯдакӣ ва Шаҳринав доир гардид. Дар доираи курси мазкур ба иштирокчиён дар мавзуи «Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат» (бо ҳаҷми 24 соат) таълими иловагӣ дода шуд.
Интихоби кадрҳои баландихтисосу қобилиятнок ба хизмати давлатӣ ва таъмини болоравии мансабии хизматчиёни давлатӣ тавассутӣ озмун бо мақсади таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуда, ин масъала ҳамеша зери назорати мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор дорад.
Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030
User Rating: 0 / 5
3 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо корҳои сохтмон дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шинос шуданд.
Иншооти муҳташами варзишӣ дар майдони 9,5 гектар бунёд ёфта, дар он зиёда аз 30 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст. Бунёди калонтарин иншооти варзишии Тоҷикистон дар идомаи тадбирҳо ба фароҳамсозии инфронсохтори кору хизматрасонии сатҳи баланд дар пойтахти кишвар мусоидат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 15 марти соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сохтмони варзишгоҳ дар пойтахт оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи бунёди варзишгоҳи муҳташам шинос шуда буданд.
Ҳоло дар Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тахту ҳамворкунӣ, насби конструксияҳои оҳанӣ, кашидани ноқилҳои барқу интернет, хати обу корезӣ, гармидиҳӣ, дастгоҳҳои ҳавотозакунӣ, ороиши даруни биноҳо, сафолакпӯшонӣ ва дигар корҳо ҷараён дорад.
Дар доираи муаррифии лоиҳаи иншоот ва масолеҳи сохтмонии истифодашаванда Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисонро барои босифат ва мувофиқ ба талаботи стандартӣ бо дарназардошти унсурҳои миллӣ ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ вазифадор намуданд.
Дар варзишгоҳ 45 ҳуҷраи корию маҷлисгоҳ, 34 тамошоҷои сатҳи баланд барои мухлисон (VIP), 9 нуқтаи тиббӣ, 36 ошхона ва осорхонаи футболи тоҷик мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта мешавад.
Ҳоло аз ҷониби 725 нафар мутахассису коргар ҳамарӯза сохтмон аз рӯи лоиҳа пеш бурда мешавад.
72 дастгоҳи сабткунандаи телевизионӣ насб мегардад, ки барои сабти ҷараёни мусобиқаҳо пешбинӣ шудааст. Равшанӣ дар майдон ва ҷойҳои нишаст тавассути 312 чароғи махсус таъмин мегардад.
Бунёди иншооти калони варзишӣ дар шаҳри Душанбе дар идомаи бозиҳои бомуваффақи ҷавонони тоҷик барои рушди ин намуди варзиш дар Тоҷикистон ва минтақа заминаи воқеъӣ мегузорад.
Ба атрофи Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон тавассути насби лавҳаҳои алюминӣ тарҳи замонавӣ бахшида мешавад, ки мавҷҳои обро таҷассум хоҳад намуд. Дар атрофи варзишгоҳ бунёди фаввораҳои замонавӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон аз болои дарёи Варзоб ва Лучоб барои рафту омади ҳаводорони футбол ду пул мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ сохта шуда, ин макон ба шаҳраки муосири варзишӣ табдил дода мешавад.
Дар маҷмуъ бунёди Варзишгоҳи миллии Тоҷикистон дар асоси лоиҳа мувофиқ ба талаботи Федератсияи байналмилалии футбол ҷараён дошта, дар он барои гузаронидани мусобиқаҳои байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад.
Футбол маҳбубтарин намуди варзиш дар ҷаҳон аст. Дар асоси пешниҳоди Президенти Конфедератсияи футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 25 май дар саросари олам ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил карда мешавад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз дастовардҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон фароҳамшавии имкониятро барои ташаккули ин намуди варзиш, мизбонии мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Сарчашма:president.tj
Таърих
Иқтисодиёт
Фарҳанг ва маориф
Сайёҳӣ
Парчам
Суруд
Асъори миллӣ
Боғи миллӣ
Ҳисор
Ҳулбук
Саразм
Вверх