User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Ҳамкасбони азиз!

Ҳар кадоми шуморо бо ҷашни фархунда, ҷашне, ки ваҳдати мардуми шарафманду сарбаланди кишвари азизамонро таҷассум менамояд, ҷашне, ки далели муттаҳидии мо дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст- муборакбод гуфта, бароятон сарбаландию некномӣ, ба сарзамини биҳиштосоямон сулҳу суббот, файзу баракати ҷовидонаро таманно менамоям.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 15 ноябри соли равон бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон дар доираи таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи намунавии омӯзишҳои идоравиро барои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои соли 2022 таҳия намуда, барои роҳандозии машғулиятҳои идоравӣ ба мақомотҳои давлатӣ ирсол намуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Дар асоси фармоиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2022, №6 вобаста ба Нақшаи машғулиятҳои идоравии Агентии хизмати давлатӣ ҳар ҳафта омӯзишҳои идоравӣ ташкил карда мешавад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 нахустин маротиба дар мамлакат 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда шуд. Он ҳар сол бо фарогирии барномаҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ дар саросари мамлакат таҷлил карда мешавад.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо ташаббуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия курсҳои кӯтоҳмуҳлат ва дарозмуҳлати такмили ихтисос барои хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки коршиносон ва олимони соҳа аз Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия амалӣ карда мешаванд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Санаи 8 ноябри соли равон дар асоси моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ҳамкорӣ бо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматчиёни давлатии Вазорат курси такмили ихтисосро аз рӯи барномаи «Асосҳои хизмати давлатӣ ва дипломатӣ» ташкил намуд.

User Rating: 0 / 5

Star InactiveStar InactiveStar InactiveStar InactiveStar Inactive

Бо ташаббуси Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии хизмати давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи афсарон санаи 4 ноябри соли равон чорабинии бошукуҳи ҷашнӣ таҳти унвони «Конститутсия-кафили таъмини соҳибихтиёрӣ ва тамомияти  арзии кишвар» баргузор карда шуд.